Бритониёи Кабир: Тоҷикистон аз ҳамлаҳои террористӣ осебпазир аст
“Телеграф” нашрияи маъруфи Ғарб дар асоси иттилои Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти ҷосусии Бритониёи Кабир кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи хатари сар задани ҳамлаҳои террористӣ раддабандӣ кардааст.
Тибқи раддабандии “Телеграф”, ки дар пайи қатли даҳҳо шаҳрванди Бритониёи Кабир дар Тунис нашр шуд, Тоҷикистон ва Қазоқистон кишварҳои нисбатан осебпазири Осиёи Миёна аз нигоҳи ҳамлаҳои террористӣ мебошанд: “Аз ҳама кишвари бехатар Туркманистон мебошад, ки хатари ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар “паст” баҳогузорӣ шудааст. Дар пайи он Қирғизистону Узбакистон қарор доранд. Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистону Қазоқистон хатарҳои умумии сар задани ҳамлаҳои террористӣ вуҷуд доранд”.
Тибқи ин раддабандӣ ба рӯйхати кишварҳои хатарашон баланд дар баробари бисёри кишварҳои Шарқи наздику Африқо инчунин Русия, Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Украина, Колумбия, Малайзия ва Бангладеш ворид шудаанд.
Дар қатори кишварҳои бехатар Исландия, Боливия, Эквадор, Полша, ҷумҳурии Чех, Швейтсария, Венгрия, Ветнам ва Ҷопон ворид шудаанд.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Бритониёи Кабир барои шаҳрвандонаш харитаеро пешниҳод кард, ки дар он нишон дода шудааст, сафар ба кадом кишвар тобистони соли равон хатарнок ва ба кадом бехатар мебошад. Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое ворид шуд, ки Вазорати умури хориҷии Бритониёи Кабир барои шаҳрвандонаш тавсия дод, то аз сафар минтақаҳои алоҳидаи ин кишварҳо худдорӣ кунанд.