Сухангӯи фурудгоҳ: Ҳарорат гармтар шавад, ҷадвали қабулу гусели тайёраҳо тағйир меёбад
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сурати аз меъёр зиёд шудани гармии ҳаво, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазнро шабона ё дар соатҳое ба роҳ мемонад, ки ҳарорат мӯътадил аст.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аэродром ё қисми дохили фурудгоҳ, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонад, майдони васеи бе дарахт аст ва дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад: “Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад”.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад, “аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат мӯътадил мешавад ё шабона сурат мегирад. Аз хадамоти муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ маълумот доданд, ки алъон дар нақшаи парвозҳои фурудгоҳи Душанбе вобаста ба баланшавии ҳарорати ҳаво дигаргуние ҷорӣ нашудааст, парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашон мувофиқи ҷадвал сурат мегиранд. Дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорати ҳаво мутобиқи технологияи ҷорӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд”.
Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе афзуд, вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво, аз ҷониби хадамоти ҷустуҷуӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои фурудгоҳ варақаи таблиғотии махсус нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла таъкид мешавад, “ҳангоми хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо инчунин дар коргоҳҳо, ҷойҳои нигоҳдории моеъҳои зуддаргиранда техникаи бехатарӣ пурра риоя карда шуда, дастгоҳҳои барқӣ ва гармидиҳанда бе назорат гузошта нашаванд ва дар соатҳои гарми рӯз қувваи барқ аз таблоҳои таблиғотӣ гирифта шаванд”.
Тибқи иттилои манбаъ, фурудгоҳ, бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.