Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Осака аз тими миллии Ҷопон рӯзи 11-уми октябр бо ҳисоби калони 0:8 шикаст хӯрд ва шонси дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014-ро, ки дар Бразилия сурат мегирад, амалан аз даст дод.
Маврид ба ёдоварист, футболбозони тоҷик дар ду бозии аввал дар гурӯҳи С аз тимҳои Ӯзбакистону Кореяи Шимолӣ бо натиҷаи якхелаи 0:1 мағлуб шуда буданд. Тоҷикистон баъди 3 давр ягон имтиёз надошта, дар ин гурӯҳ дар мақоми аз ҳама охирин ҷой гирифтааст.Ҷопон ва Ӯзбакистон бо 7-холӣ дар ин гурӯҳ пешсафанд.Гуфтан ба маврид аст, ки ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон тариқи интернет натиҷаи ин бозиро мустақиман пайгирӣ мекард. Ва тӯли бозӣ то дақиқаи 12-ум ҳисоб кушода нашуд.Маҳз дар ин дақиқаи «хатарзо» футболбози ҷопонӣ Мики Ҳавенаар ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 19-уми бозӣ голи дуввуми ҷопониҳоро бозигари тими миллии ин кишвар Синдзи Оказакӣ, тақти рақами 9, ба самар расонд…
Дақиқаи 78-уми бозӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Ҷопон. Боз як голи Накамур ва боз ҳам бар фоидаи ҷопониҳо. Ҳамин тавр, ҳисоб 8:0 ба нафъи ҷопониҳо ва бозӣ ба итмом расид, ҳарчанд довар 3 дақиқаи дигари иловагӣ ҳам ҷудо карда буд…
Пас аз шикасти тими футболи Тоҷикистон, мухлиси ашаддии футбол, сардабири нашрияи СССР – Сайёфи Мизроб бароямон аникдоти тозае равон кард ба ин мазмун:
Олимҷон Рафиков пас аз бозӣ бо дастаи Ҷопон ба раҳбарият телефон карда, ҳисобот медиҳад:
-Рафиқ сардор, ин ҷопониҳо ун қадар футболбоз ҳам набудаанд: Мурданду голи 9-ро зада натавонистанд-эъ…{jathumbnail off}