Истиқболи раҳбари Эрон аз шеърхонии шоири тоҷик
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар дидор бо шоирони маъруфи Эрон ва ҷаҳон аз шеъри шоири тоҷик истиқбол кардааст.
Ин дидор идомаи мулоқоти Хоманаӣ бо шоирон аст, ки ҳамасола миёнаи моҳи мубораки Рамазон дар Эрон баргузор мешавад. Дар дидори имсол аз 10 кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Туркия ва Озарбойҷон наздики 200 шоир ҳузур доштанд. Шеъри Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО аз ҷониби раҳбари Инқилоби Исломии Эрон гарм истиқбол шуда, ба гуфтаи шоҳидон “дар миёни тараннуми он бо вожаҳои “хеле хуб”, “баҳ–баҳ”, “аҳсан” сурудаи ӯро таҳсин кардааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо муаллиф ва мураттибу мутарҷими беш аз 12 китоб дар Тоҷикистон ва Эрон буда, дар беш аз 40 ҳамоиш дар Эрон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Покистон суханронӣ намуда, беш аз 500 мақола дар бораи шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дар матбуот ва расонаҳои Эрон мунташир намудааст.
Соли 2011 Академияи Қафқоз ӯро ба хотири таълифи китоби “Сурмаи дил” (дар ҳамкорӣ бо падараш Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад) бо Ҷоизаи Михаил Лермонтов қадрдонӣ намуд. Шоҳмансур дар таҳрир, таҳия ва вироиши китобҳои “Фарҳанги имлоии хатти форсӣ ба сириллики тоҷикӣ” (Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, “Суруш”, 2009), китоби “Ҳабибе аз билоди ҷовидон” ( Душанбе, “Аршан”, 2011) ва маҷмӯаи “Ба хуршед монад ҳама кори ту” (Хуҷанд, 2014) саҳим будааст.
Шеъри Шоҳмансури Шоҳмирзо, ки дар дидори шоирон бо раҳбари Инқилоби Исломии Эрон қироат шуд, пешниҳоди хонанда мегардад:
Дил андӯҳпарвар набошад, набошад,
Ҳумо соягустар набошад, набошад.
Ба ширинии зикри Ҳақ дилхушам ман,
Сари суфра шаккар набошад, набошад.
Сипоҳам ба ҷанги дадон нури ишқ аст,
Сиёҳии лашкар набошад, набошад.
Хушо гум шудан дар миъоди нигоҳат,
Агар субҳи Маҳшар набошад, набошад.
Мабодо ҷудо гардад аз ман ғами ишқ,
Агар коми дилбар набошад, набошад.
Маро сарват ин нест ҷуз хоки кӯяш,
Гадо гар тавонгар набошад, набошад.
Ба лавҳи дили худ набиштем шеъре,
Ба девону дафтар набошад, набошад.
Илоҳӣ сарат сабз бодо, ҳамеша,
Ба тан гар маро сар набошад, набошад.