Сариев қудои президентро ҳамроҳ бо се муовинаш аз кор ронд
Темур Сариев, нахуствазири Қирғизистон Алимбой Султонов, қудои раиси ҷумҳур - Алмосбек Отамбоев, раҳбари Хадамоти мубориза алайҳи маводи мухаддири ин кишвару муовинонашро аз симмат барканор кардааст.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Темур Сариев далели ин иқдоми нахуствазирро чунин шарҳ додаанд: “Қабл аз ҳама муноқиша миёни нафарони аввал ба кори ин ниҳод бесуботӣ овардааст. Таҷрибаи кории ман намунаеро ёд надорад, ки раҳбари як ниҳод ва муовинонаш аз ҳамдигар шикоят кунанд. Тафтишот дар ин ниҳод нишон дод, ки корашон муассир нест".
Ба иттилои манбаъ, ҳамроҳ бо Алимбой Султонов, муовини аввалаш Ғуломҷон Анорбоев, Кубаничбек Алимкулов ва Саломат Шийкимбоев аз кори ниҳоди мубориза бо маводи мухаддир озод шудаанд. Нахуствазири Қирғизистон Рафиқ Мамбеталиевро раҳбари нави Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон таъйин кардааст.