Таҷовуз ва куштори ноболиғи 6-сола дар шимоли Тоҷикистон
Як сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд дар таҷовуз ба номус ва куштори духтарчаи 6-сола муттаҳам мешавад.
Манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, рӯзи 30 июни соли равон, тахмин соатҳои 20:30 аз байни мошинсаройҳои назди кӯчаи Аминҷон Шукуҳии шаҳри Хуҷанд ҷасади духтарчаи 6-сола, сокини ҳамин шаҳр бо аломатҳои марги маҷбурӣ (буғӣ кардан) ва нишонаҳои алоқаи ҷинсии маҷбурӣ ёфт шуд: “Зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии Суғд ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо гумони содир кардани ҷинояти мазкур сокини 53-солаи ҳамин шаҳр дастгир гардид”.
Манбаъ афзуд, ин мард дар гузашта се маротиба, аз ҷумла барои куштор ва таҷовуз ба номус, суд шудааст: “Дастгиршуда дар як бинои истиқоматӣ ҳамроҳ бо волидони духтарчаи 6-сола ба сар мебурдааст”.
Феълан алайҳи ӯ, дар асоси моддаҳои 104 – “Куштор” ва 138 – “Таҷовус ба номус” парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.