Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар Индонезия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар маҳалли аҳолинишини шаҳри Медани Ҷумҳурии Индонезия унвонии Ҷоко Видодо, ҳамтои индонезии худ, номаи тасаллият ирсол кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар барқияи оқои Раҳмон гуфта мешавад, “хабари суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Медани Ҷумҳурии Индонезия ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ва сокинони шаҳр моро сахт андӯҳгин намуд”.
Дар идомаи номаи Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад: “Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун”.