Ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ба дарёи “Фон” сарозер шудани сабукрави “Мерседес-Бенс”, се нафар ғарқ шудаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи сешанбеи 30 июн дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (мавзеи деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ) ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, бар асари ин воқеа як сокини 30-солаи ноҳияи Зафаробод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аммо се мусофири дигар -- зани 27-сола, писарбачаи 6-сола ва духтарчаи 1-сола (сокинони Зафаробод) ғарқ шудаанд ва ҳанӯз ҷасади онҳо ёфт нашудааст: “Феълан, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд”.
ВУД ронандаи ин автомашинаро марди 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода муаррифӣ карда, вале дар бораи аҳволи ӯ дар пайи ин ҳодиса маълумоте надодааст.
Як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 29 июн, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар 4 нафар ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди ҷумҳурии Финландия ҷароҳат бардоштаанд. Торнамои ВУД менависад, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ҳангоми ҳаракат аз самти Турсунзода ба самти Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба сабукрави “Опел-Астра” бархӯрдааст: “Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Вектра” ҳамроҳ бо мусофиронаш - зани 26-сола, писарчаи 1-сола ва духтарчаи 3-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ меафзояд, мусофирони дигари ҳамин автомашина -- духтарчаи 4-солаи сокини Балҷувон ва марди 27-солаи сокини Рӯдакӣ, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофиронаш ду шаҳрванди Ҷумҳурии Финландия, як марди 44-сола ва зани 34-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.