Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳоло ба Ватан барнамегардад
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъд аз интихоботи парлумонии якуми марти кишвар дар хориҷ қарор дорад, мегӯяд, ҳоло ба Ватан бар намегардад.
Ӯ дар суҳбат бо бахши русии Би-Би-Сӣ гуфтааст, “нақшаҳо иваз шудаанд ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ низ тавсия медиҳад, барнагардам ва албатта, дар ин бора далелҳо низ доранд”. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфта, вазъи кунунии сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле муташанниҷ буда, аз ҳар гуна таваккул бояд худдорӣ кард: “Ман ин тавсияи онҳоро ҷиддӣ қабул дорам”.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбатҳои қаблии худ бо расонаҳои хабарӣ гуфта буд, қасд дорад, Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Ватан таҷлил кунад.
Худдории Кабирӣ аз омадан ба Ватан дар ҳолест, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”. Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Ба дунбол, раиси ҲНИТ аз нашри хабарҳо дар мавриди эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи худ дар Ватан бо иттиҳоми заминфурӯшӣ, нигаронӣ карда, гуфт, маконеро, ки 17 соли пеш фурӯхт, моликияти шахсии худаш буд. Раиси ҲНИТ гуфта, “ман бисёр шигифтзада шудам, ки дар арафаи таҷлили Ваҳдати миллӣ тавассути расонаҳои расмии кишвар эълон мекунанд, ки гӯиё алайҳи ман дар Ватан парванда боз мешаваду гӯиё ман 17 соли пеш моликияти шахсии худро нодуруст фурӯхтаам. Чи гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, дар ҳоле ки макони фурӯхташуда моликияти шахсии ман буд. Ба ҳар ҳол, агар масъалаи ҳалношудае бо ман мешуд, имкон буд, баъди таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ба миён гузоранд. Дар ҳоле ки дар муддати ин 17 соли гузашта ман ду бор вакили парлумон интихоб шудааму қонунҳои авфи зиёде қабул гардидааст”.