ВИДЕО: Қиссаи ба Сурия рафтани зани “сешавҳара” дар гузориши ВКД
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 33-солаи шаҳри Душанбе хостааст, барои аз Сурия ба Ватан баргардониданаш кумак расонанд.
Ин ниҳод мегӯяд, Зарина Сардорова, модари ду фарзанд, моҳи январи соли равон ба модар ва шавҳараш гуфта, ки қасди истироҳат дар шаҳри Истамбули Туркияро дорад, “аммо дар асл мақсади ба Сурия рафтан доштааст”.
Вазорати умури дохилӣ дар гузориши телевизионие гуфт, Зарина ба наздиконаш ваъда медиҳад, ки ба Истамбул рафта, баъди як ҳафта бармегардад: “Шавҳри ӯ, Рустам Раҳмонов ба хотири барқарор кардани саломатӣ ва сайёҳати ҳамсараш аз бонк се ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, умедвор буд, ки пас аз ҳафтае ҳамсараш ба хона бармегардад. Вале аз ваъдаи бозгашти Заирина ҳафтаҳо сипарӣ мешуду аз ӯ хабаре набуд. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи доир кардани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи ошкор намудаанд, ки Зарина на дар Туркия, балки дар давлати Сурия қарор дорад”.
Ба иттилои манбаъ, бо гузашти ҳафтаҳо аз нопадид шуданаш Зарина тавассути “Вайбер”-и “Одноклассники” аз худ хабар дода, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намудааст, барои баргаштанаш ба Тоҷикистон ба ӯ кӯмак намоянд: “Пас аз ҳақиқати ҳолро бо чашмони худ дидан ва зери фишори шавҳари сеюм афтодан Зарина аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиши ба Ватан баргаштанро намудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Зарина ҳангоми дар Ватан будан дар як вақт бо ду мард зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои ин ниҳод, баъди ба Сурия рафтани Зарина ҳамсари якумаш - Рустам Раҳмонов хабардор мешавад, ки ӯ шавҳари дигар низ доштааст. Ба иттилои ВУД, Зарина дар Сурия бори сеюм бо як марди дигар хонадор шудааст.
Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, никоҳи мусалмонии Зарина бо шавҳари дувумашро дар Душанбе раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ анҷом додааст. Ҳамсари дувуми ин зан дар гузориши телевизионӣ гуфт, аз шавҳар доштани Зарина хабар надошт. Ба қавли ӯ, Зарина вақти шиносоӣ гуфта, шавҳару кӯдак надорад. Дар гузориши ВКД, духтаре сухан кард, ки ба қавли муаллиф фарзанди Зарина Сардорова мебошад. Вай изҳор дошт, модараш ба онҳо таъкид мекард, назди ҳамсари дувумаш ӯро на модар, балки амма гӯянд. Ин ҷавондухтар дар ҳоле ки гиря мекард, гуфт, “модар баргард, туро ёд кардаам”.
Ба омори расмии мақомот, то ба имрӯз ҳудуди 400 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Гуфта мешавад, чанде аз ин нафарон зан ва фарзандҳои худро низ бурдаанд. ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ВУД