Оғози имтиҳони дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ
Шурӯъ аз имрӯз, якуми июл дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути низоми тестӣ оғоз мешавад.
Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ ба “Озодагон”гуфт, аз 41 маркази имтиҳонӣ дар 36-тои он раванди имтиҳонсупорӣ шурӯъ гардида, то 12 июл идома хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, дар рӯзи аввал 11 ҳазору 130 довталаб аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон месупоранд. Хонум Назарова афзуд, имсол теъдоди умумии довталабони сабтиномшуда бештар аз 73 ҳазор нафар аст: “Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар 41 маркази имтиҳонӣ баргузор мегарданд. Тибқи низоми муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиҳонҳои тестӣ дар ду давр - имтиҳони умумӣ (қисми А) ва имтиҳони ихтисос (қисми Б) гузаронида мешавад”.
Сухангӯи Маркази миллии тестӣ афзуд, инчунин имтиҳони такрорӣ созмон дода мешавад, ки дар он танҳо афроде, ки аз 20 то 30 июн аз қайд мегузаранд ва онҳое, ки бо сабабҳои узрнок натавонистанд дар имтиҳонҳои асосӣ иштирок кунанд, иҷозат дода мешавад: “Натиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми балҳо арзёбӣ гардида, натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 500 балл мебошад”.