Мансаби нави Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб ва Юнуси Юсуф
Рустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик сармуҳаррири маҷаллаи адабии “Садои шарқ”, нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Рустами Ваҳҳоб аз моҳи июли соли гузашта, баъди даргузашти сармуҳаррири собиқи ин маҷалла, Ҷонибеки Акобир, масъулияти иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррирро бар дӯш дошт.
Ӯ қабл аз ин масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи мазкур буда, аз соли 2007 то ин ҷониб дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Маҷаллаи “Садои шарқ” аз солҳои 30-юми асри 20 то ба имрӯз нашр мешавад. Дар гузашта шоир ва нависандагони шинохта, аз ҷумла Пулод Толис, Абдумалик Баҳорӣ(А. Раҳмонов), Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Абдулҳамид Самад, Урун Куҳзод, Ҷонибек Акобир ба ҳайси сармуҳаррири ин нашрия фаъолият кардаанд.
Таъини Рустами Ваҳоб ба мақоми сармуҳаррири "Садои шарқ" дар ҳолест, ки Низом Қосим, шоири шинохтаи тоҷик имрӯз, 30-юми июн дар Анҷумани Иттифоқи нависандагон раиси ин ниҳод интихоб шуда, шоир Ато Мирхоҷа, муовини аввал ва нависанда Юнуси Юсуф, муовини раис таъин гардидаанд.