Парванда барои роҳзании 5 тоҷик дар Твер
Додситонии Твер аз ирсоли парвандаи ҷиноӣ алайҳи 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Маскави ин шаҳр хабар додааст.
Тибқи иттилоияи додситонии вилояти Твер, ки имрӯз, 30-юми июн нашр шудааст, тафтиши парванда алайҳи 5 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҷурми роҳзании мусаллаҳона дар ҳайати гуруҳи этникӣ ба анҷом расидааст: “Тафтишот муайян кард, ки як тоҷик, сокини Твер 4 ҳамватанашро аз вилояти Маскав ба созмони ҷиноӣ ҷалб кардааст. Онҳоро барои ғорати ду сокини шаҳри Твер моил кардааст, ки мунтазам бо маблағи зиёд ба Маскав барои хариди мол мерафтаанд. Гуруҳи чорнафара барои омӯхтани масири ҳаракату реҷаи рӯзи ҷабдрдидагонашон аз 1-уми август то 8-уми сентябри соли 2014 ба Твер омадаанд”.
Додситонии вилоят афзудааст, ки ниҳоят шоми 12-уми сентябри соли 2014 ин гуруҳи ҷиноӣ дар кӯчаи Королёви Твер ба ду сокини ин шаҳр ҳамла овардаанд: “Дар пайи ин ҳамла, 235 ҳазор рубли ҷабрдидаҳоро рабудаанд ва ба онҳо осеби ҷисмонӣ расонда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, амволи шаҳрвандони Тоҷикистон ба маблағи 55 ҳазору 700 рубли русӣ ҳабс шудааст. Инчунин ин гуруҳи 47 ҳазор рублро ба ҳайси ҷуброн пардохт кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, парвандаи мазкур барои баррасии минбаъда дар ихтиёри додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Твер гузошта шудааст.