Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Душанбе дар Барнаул
Ҳавопаймои Аэробус-320-и ширкати русиягии “Сибир”, ки 29-уми июн аз Новосибирск ба Душанбе парвоз доштааст, ба таври изтирорӣ дар шаҳри Барнаули Олтой фуруд омадааст.
Тибқи иттилои хадамоти ҳавоии “Олтой” Аэробус -320 соати 10:49 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба далели бад шудани вазъи саломатии зани 30-сола дар ҳавопаймо дархости нишасти изтирорӣ кардааст: “Соати 11:14-и вақти маҳаллӣ зани 30-сола, ки бемории эпилепсия доштааст, аз фурудгоҳ фавран ба беморхона интиқол дода шуд”.
Манбаъ мегӯяд, Аэробус -320 баъди гирифтани сӯзишворӣ парвозашро ба самти Душанбе идома дода, бомуваффақият ба Тоҷикистон расидааст.