Боздошти ду ронандаи мошини хизматӣ дар Душанбе
Вазорати дифои Тоҷикистон аз боздошти ду ронандаи мошини хизматӣ хабар дод, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ воситаи нақлётро истифода мебурдаанд.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 30 июн ба “Озодагон” гуфт, боздошти мошинҳои хизматӣ ҳафтаи сипаришуда дар пайи як санҷиши Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо нозирони Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати дифоъ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе сурат гирифтааст.
Ӯ мегӯяд, давоми як рӯзи ин санҷиш 17 мошини хизматӣ санҷида шуда, нисбати ду ронанда санад тартиб додаанд: “Ронандаҳои мошинҳои хизматӣ бо ҷурми нагузаштан аз ташхиси техникӣ, надоштани варақаи роҳхат ё муҳлаташ гузашта ва вобаста ба дигар ҳолатҳо, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошанд, боздошт гардиданд”.
Сухангӯи Вазорати дифоъ нагуфт, ки ин мошинҳо марбути кадом сохтори вазорат ҳастанд. Вай афзуд, ҳарчанд солҳои охир ҳолатҳои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандаҳои сохторҳои қудратӣ коҳиш ёфтааст, “аммо афроде ҳастанд, ки талаботи муқарраргардидаро дар самти истифодаи мошинҳои хизматӣ риоя намекунанд”.