Ҷаласаи ҳукумат: Аз кам кардани санҷишҳои беасос то захираи ғизою сӯзишворӣ
Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 30-юми июн дар ҷаласаи навбатии худ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи нави қонунро тасдиқ кардааст, ки ҳадафи он пешгирӣ аз санҷишҳои беасос, дурудароз ва такрории соҳибкорон аз ҷониби мақомот мебошад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», дар асоси супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст: “Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рўз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рўз, барои субъектҳои хурд 2 рўз муқаррар гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ дар баробари лоиҳаи қонун «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» инчунин лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи иҷозатдиҳӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Инчунин дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистонро тасдиқ намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, баъди тасдиқи ин ҳайат, нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шуд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур афзуд, дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон, нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар кишвар барои солҳои 2015 -2018, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика барои солҳои 20152020, қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президенти Тоҷикистон, тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, баррасӣ гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сўзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзўр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузоштааст.