Эрониҳо дар Тоҷикистон донишгоҳи озоди исломӣ таъсис доданиянд
Ҳайати раҳбарии Донишгоҳи озоди исломии Эрон аз қасди худ барои таъсиси бахши ин донишгоҳ дар Тоҷикистон хабар додаанд.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар ҷаласаи 121-уми ҳайати раҳбарии Донишгоҳи озоди исломии Эрон масъалаи таъсиси бахши ин донишгоҳ дар Тоҷикистон баррасӣ ва барномаҳо барои иҷрои ин нақша тарҳрезӣ шудааст.
Донишгоҳи озоди исломӣ яке аз марокизи омӯзишие мебошад, ки дар Эрон ва хориҷ аз он фаъолият дорад ва дар ҳоли ҳозир теъдоди умумии донишҷӯёни он як миллиону 700 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Ин донишгоҳ хусусӣ буда, бунёдгузораш Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, руҳонӣ ва сиёсатмадори эронӣ мебошад.