Тавсияи Тураҷонзода ба муҳоҷироне, ки ҳамсарони худро бурда наметавонанд
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тавсия додааст, ба ҷойи издивоҷ бо занони рус бо ҳамватанони худ, ки дар ин кишвар машғули коранд, ақди никоҳ банданд.
Ин тавсияро руҳонии тоҷик ба муҳоҷироне додааст, ки дар Русия имкону шароит барои бурдани ҳамсаронашон аз Тоҷикистонро надоранду бо занони рус издивоҷ мекунанд. Эшони Маҳмудҷон гуфтааст, “тавсияи банда ба бародарони муҳоҷир ин аст, ки агар имконият бошад, занони ватании худро назди худ баред. Ва агар шароити мусоид барои чунин амре надошта бошед, пас беҳтар, ки бо хоҳарони мусулмони муҳоҷири худ, ки мутаассифона, шумораи онҳо дар ҳиҷрат хеле зиёданд, издивоҷ кунед”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд издивоҷи мардони мусулмон бо занони покдомани аҳли китоб (християн ва еврей) аз нигоҳи шариати исломӣ дуруст аст, вале фуқаҳо бо истифода аз ривоятҳо никоҳи онҳоро дар дорул-ислом(Давлат бо ҳукумати исломӣ) бидуни кароҳият ва дар дорул-куфр (Давлат бидуни ҳукумати исломӣ), мисли Русия бо кароҳият ҷойиз гуфтаанд: “Яъне, дар дорул-куфр то зарурат наафтад авло ва афзал ба занӣ нагирифтани онҳост. Албатта ин кароҳият ба хотири солим ва солиҳу шоиста набудани муҳити зиндагии онҳо аз назари диёнату тақво ва эҳтимоли мутаассир гаштани марди мусулмон ва фарзанди ӯ аз куфри эшон аст”.
Руҳонии тоҷик дар идома аз мардони мусулмон, ки ҳоло бо занони аҳли китоб ақди никоҳ бастаанд, даъват кардааст, барои берун шудан аз ҳукми кароҳат ва ё ҳолати макруҳӣ талош кунанд, онҳоро мусулмон кунанд, “зеро ҳадаф аз издивоҷ дар Ислом танҳо шаҳватронӣ ва лаззатҷӯӣ набуда, балки мақсад аз он ҳифзи дину диёнату тақво ва ба даст овардани фарзандони муъмин ва солиҳу шоиста аст. Худо накунад, фарзандони аз занони аҳли китоб таваллудшуда пайрави оини модар ва ё бе Худову атеист шаванд. Он гоҳ падари мусулмон андешаи масъулият ва ҷавобгарии назди Худоро аз рӯи ин фарзандҳо дошта бошад”.