Нотаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба матлаби “Аргументы и Факты”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба матлаби "Страна гастербайтеров" (Кишвари гастербайтерҳо) -и нашрияи русии “Аргументы и Факты” нота ё худ Ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин ёддошт аз нашри чунин матолиби таҳқиромез дар яке аз нашрияҳои Русия шадидан ибрози нигаронӣ карда, гуфтаанд, чопи ин гуна матлаб ҷавобгӯи руҳияи ҳамкории стратегӣ миёни Русия ва Тоҷикистон нест.
Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, дар нотаи ВУХ, аз ҷониби Русия “қотеона талаб шудааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳолат ва нашри чунин матолиби дур аз ҳақиқату таҳқиромез дар оянда иқдомоти муассир бигирад”.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала бо масъулини нашрияи “Аргументы и Факты” ва сафорати Русия дар Душанбе ҳам гуфтугӯ ва мулоқот кардаанд, ки дар пайи он матлаби мазкур ҳазф шудааст.
Нашрияи "Аргументы и Факты"-и Русия рӯзи 26 июни соли ҷорӣ дар матлабе бо номи “Страна гастербайтеров” (Кишвари гастербайтерҳо) вазъи Тоҷикистонро ба тамасхур кашида, аз мақомоти Кремл хост, миёни Тоҷикистон ва ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кунанд.