(АКСУ ВИДЕО) Низом Қосим бе рақобат раиси нави Иттифоқи нависандагон шуд
Дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки имрӯз, 30-юми июн дар Душанбе баргузор шуд, Низом Қосим бидуни рақиб раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд. Дар ин бора хабарнигори "Озодагон" аз ҷараёни Анҷуман иттилоъ дод.
Қаблан, ба мақоми раиси Иттифоқи нависандагон номзадии чаҳор нафар - Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздон ва Маъруф Бобоҷонов пешниҳод гардида буд. Аммо ба иттилои хабарнигори "Озодагон" зимни Анҷуман номзадҳои дигар аз иштирок дар интихобот даст кашидаанд ва дар натиҷа Низом Қосим бидуни рақиб раиси нави Иттифоқи нависандагон интихоб шуд.
То ҳол дар курсии раҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ менишаст.