“Овози тилоӣ-2015”: Пирӯзӣ насиби 7 нафар шуд
Аз миёни беш аз 3 ҳазор иштирокчии лоиҳаи “Овози тиллоӣ-2015”, 7 нафар ғолиб шуданд. Дар ин бора ба “Озодагон” Умед Ҷумъаев, сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии телевизиони “Баҳористон” иттилоъ дода гуфт, инчунин 3 нафар бо ҷоизаи махсуси доварон қадр шуд: “Ду тани дигар роҳхати дохил шудан ба Консерваторияи миллии Тоҷикистонро гирифт”.
Ӯ гуфт, Муҳиба Шокирова, Муҳаммадҷон Шокиров, аз шаҳри Конибодом, Муҳаммадҷон Худоназаров аз ноҳияи Рушон, Наврӯзҷони Салим аз ноҳияи Ҳисор, Таманно Гулмаҳмадова аз шаҳри Душанбе, Отаҷон Хушматов аз шаҳри Турсунзода ва Наврӯз Изатуллоев аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ғолибони “Овози тилоӣ-2015” эътироф шуданд: “Ҷоизаҳои махсуси доварон насиби Толеҳаи Раҳмиддин аз ноҳияи Дарвоз, Парвизи Маҳмадқул аз ноҳияи Ҳисор ва Амруллоҳ Калонов аз шаҳри Турсунзода гардид. Азимҷон Аҳроров аз шаҳри Истаравшан ва Амонсултон Хуҷамова аз ноҳияи Рушон роҳхати дохил шудан ба Консерваторяи миллии Тоҷикистонро гирифтанд”.
Лоиҳаи телевизионии “Овози тиллоӣ” соли 2010 таъсис ёфт. Умед Ҷумъаев мегӯяд, лоиҳа аз 4 давр иборат буда, дар он афроди аз 10 то 20-сола ҳаққи иштирок доранд.