Зиндагии сарояндаи шинохтаи Русия -София Ротару таҳти суол қарор гирифтааст
Ҳаёти овозхони машҳури Русия София Ротару зери хатар аст.
Ӯро як бонуи ҳаводораш, ки гуфта мешавад аз ақл бегона аст, доимо таъқиб мекунад. Бино ба навиштаи хабаргзуориҳои русӣ, ҳанӯз се сол қабл фанати сароянда ба ӯ сахт «часпид». Ротару он вақт ба атрофиёнаш гуфта буд, ки «ин мухлисро ба ӯ наздик шудан намонанд.». Ин ҳолат сабаб шуд, ки ба шумораи телефони сароянда SMS- ҳо ирсол шаванд, ки дар он на танҳо София, балки аҳли хонаводаи ӯ низ таҳдид мешуданд. Мухлиси ашшадиро танҳо баъди он дастгир намуданд, ки ба утоқи ороишии София даромада ӯро бо кислота таҳдид кардааст. Мақомот ин занро барои се моҳ равонаи боздоштгоҳи муваққатии тафтишотӣ карда, баъдан раҳо мекунанд. Аммо маълум мешавад, ки пушти панҷара нишастан ӯро ислоҳ накардааст. Ин бону танҳо баъди он се сол аз озодӣ маҳрум шуд, ки дар терроризми телефонӣ муттаҳам гардид. Дар таҳдиди навбатӣ ӯ навишт, ки бомб дар маҳалле гузошта шудааст, ки Ротару қарор дорад. То чанде қабл гӯйё ҳамааш хотима ёфт, аммо соли гузашта овозхон боз номаҳои таҳдидӣ гирифт. Ҳоло бошад, мӯҳлати дар маҳбас қарор доштани мухлиси ашшадии София ба охир расидааст. Наздикони сароянда мегӯянд миёни ин таҳдидҳо алоқамандиеро мебинанд.{jathumbnail off}