Вохурии Аслов бо Маркус Мюллер дар Душанбе
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Маркус Мюллер, роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ зуҳри 26 июн баргузор шудааст.
Дар вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва САҲА дар доираи лоиҳа ва барномаҳои САҲА дар Тоҷикистонро матраҳ гардидаанд.