Мақомот: Шамсиддин аз шиканҷа не, аз дарди шуш фавтидааст
Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳуқуқи инсон аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардаанд, ки 26-уми июн, Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷаро эҳтиром гузоранд ва поён гузоштан ба ин падидаро ба уҳда бигиранду адолатро дар баробари одамони мавриди шиканҷа риоят кунанд.
Ба гуфтаи ин созмонҳои ҳуқуқи башар қурбониёни шиканҷа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бурдани шикоят метарсанд ва ҷуръати кумак гирифтан аз вакили мудофеъро ҳам надоранд.
Аз рӯи ҳисоби Эътилофи созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз аввали соли 2015, 20 мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳайси намуна дар иттилоияи ин созмонҳо қазияи Шамсиддин Зайдуллоев омадааст, ки наздиконаш иддао доранд, ӯ дар пайи латукӯб аз ҷониби маъмурини Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нимаи моҳи апрели соли равон ҷон додааст.
Наздикони Шамсиддин аксҳои ҷасадашро пешниҳод карданд, ки дар он “осори бадрафтории маъмурини Агентӣ” нишон дода шудааст. Аммо, ниҳоди мубориза алайҳи маводи мухаддир дар шарҳи ин қазия гуфт, ки Шамсиддин нашъаманд буд ва пас аз радди бистарӣ шудан дар беморхона дар боздоштгоҳ ҷон дод. Дар пайи ин ҳодиса Тоҷиниссон Каримова, модари Шамсиддин Зайниддинов ба раисиҷумҳур, додситонии кул ва эътилофи зидди шиканҷа шикоят бурда, иддао дошт, ки писараш дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби маъмурини Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба ҳалокат расид.
Феълан ба иттилои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мақомот ба наздикону вакили дифои Шамсиддин хулосаи ташхисро нишон додаанд, ки дар он сабаби марги ӯ илтиҳоби шуш нишон дода шудааст. Аммо вакилони дифоъ ба ин хулоса шак оварда, ташхиси такрориро дархост кардаанд, ки феълан идома дорад.