Таъкиди Абдулқодирзода ба “ҷонбозиҳои сарвари давлат” барои ваҳдат ва даъвати “баъзеҳо” ба нооромӣ
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сухани табрикияш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати милӣ аз сокинони кишвар хост, ба қадри ин сана ва сулҳу субот бирасанд.
Ӯ рӯзи 26 июн дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ин Ваҳдати миллӣ ва ин сулҳу субот дар кишвари мо дар пайи ҷонбозиҳои сарвари давлат ба даст омадаасту мо бояд нагузорем, ки он аз байн биравад”.
Абдулқодирзода дар идома сокинони кишварро аз ҳадафи баъзе афрод, ки ба гуфтаи ӯ, талош доранд, дубора ҳаводиси солҳои 90-умро дар Тоҷикистон такрор кунанд, ҳушдор дод: “Вақтҳои охир мебинем, баъзеҳо дар ҳамин ҷомеаи мусулмонии мо, дар ҳамин кишвари орому тенҷи мо мехоҳанд нооромиеро ба миён оранд. Ҳамон нафароне, ки солҳои 90-ум нооромиро ба миён оварда буданд, бояд ҳамеша хиҷолат кашанду аз дунё бо хиҷолат бираванд. Вале мутаассифона боз мебинӣ, аз Худо натарсида боз даъват ба нооромӣ доранд”.
Раиси Шӯрои уламои кишвар аз сокинони кишвар даъват кард, ба ҳарфҳои бархеҳо гӯш надиҳанду ба қадри сулҳу субот ва пешрафти ҳаррӯзаи Тоҷикистон бирасанд. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё Тоҷикистон дар даҳ соли охири даврони истиқлолияти худ то ба ҳадде пешрафт кардааст, ки дар давоми 70 соли шӯравӣ накарда буд: “Баъди имзои ҳамин созишномаи Ваҳдати миллӣ, бахусус дар давоми даҳ соли охир кишвари мо бисёр пеш рафтааст, ки дар ҳамон даврони 70 соли шӯравӣ, ки воҳимааш дар тамоми дунё паҳн буд, нашудааст”.
Абдулқодирзода бори дигар таъкид кард, ки ҳоло таҳти сарпарастии давлат донишкада ва гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранду онҳо яке аз дастовардҳои замони истиқлол мебошанд, ки дар даврони шӯравӣ набуданд.