Тоҳомуҳаммадӣ: Тоҷикистониҳо худро порае аз тани Эрони бузург медонанд
Намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадони Эрон гуфтааст, тоҷикистониҳо худро пораи тани Эрони бузург медонанд.
Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ, намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадон пас аз сафар дар садри як ҳайат аз вилояти Хатлон гуфтааст, мардуми Тоҷикистон худро як пораи тани Эрони бузург медонанд: “Ҳарчанд 70 сол зери султаи комунист будан таъсири худро барҷой гузошта, аммо ҳанӯз расм ва ақидаҳои динии худро фаромӯш накардаанд”.
Намояндаи Вилояти фақеҳ, як ниҳоди низоми исломии Эрон ба хабаргузории “Форс” гуфтааст, кишвараш метавонад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд ва ҳам пайёми Исломро тарвиҷ кунад. Вай бо ишора ба забони форсӣ ҳамчун омили муштараки мардуми ин ду кишвар афзудааст, “мардуми Тоҷикистон ба Эрон ва Имом алоқаманд ҳастанд ва давлати Эрон метавонад дар ин роҳ равобити байналмилалии хуб эҷод кунад ва кишварерро, ки ба Эрон гароиш дорад, аз кишварҳои куфр наҷот диҳад”.
Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ ва ҳайате аз Эрон зимни сафар аз Тоҷикистон аз маҳалли дафни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, яке аз чеҳраҳои олами Ирфон низ дидан кардааст. Дар тавсиф аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Тоҳомуҳаммадӣ гуфта, “ӯ як дунёи покӣ, ҳимматбаланд, иродаи хастанопазир, арзишҳои илоҳӣ, мардумдӯстӣ ва хидмат ба мардумро дар худ ҷамъ карда буд”.
Ин намояндаи Вилояти фақеҳ бо ишора ба ин ки сафири Эрон дар Душанбе аз аҳли вилояти Ҳамадони Эрон аст, зикр намуда, “дар он ҷо лозим буд, бо шахсиятҳои динии Тоҷкистон, чеҳраҳои сиёсӣ монанди намояндагони маҷлис, устондорон ва сармоягузорон, иртибот барқарор шавад, ки ин иттифоқ ба хубӣ рух дод”.