Фархор: Боздошти раис бо иттиҳоми гирифтани $15000 пора
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори ноҳияи Фархор хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, охирҳои моҳи майи соли равон, раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ба боварии шаҳрванд “Н” даромада, ба ӯ ваъда додааст, бар ивази 15 ҳазор доллар аз ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур 0,15 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии заминро низ дуруст мекунад.
Манбаъ мегӯяд, кормандони Агентӣ санаи 3 июн дар пайи як амалиёт раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони обро баъди гирифтани 15 ҳазор доллар боздошт кардаанд: “Нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.