Пентагон иҷоза дод, ки журналистон ҳам парронда шаванд
Бар асоси як дастури тоза аз Вазорати дифои ИМА бо номи “Қоидаҳои ҷанг” иҷоза дода шудааст, ки ба рӯзноманигорон ҳам оташ кушода шавад.
Вазорати дифои ИМА бо ворид кардани тағйирот дар дастури мазкур журналистонро бо иштирокчиёни бидуни имтиёзи низоъҳо баробар кард. Яъне, Пентагон рӯзноманигронро ба шумули касоне ворид намуд ки ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона ба онҳо шилик кардан иҷоза аст.
“The Washington Times” бо нақли қавл аз санади музкур навиштааст, “дар бештарини ҳолатҳо журналистон шаҳрванди мулкӣ ҳастанд. Аммо журналистон ҳамчунин метавонанд аъзои қувваҳои мусаллаҳ ё иштирокчии бидуни имтиёзи низоъҳо бошанд”.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, дар ин санад ҳеч гуна муқаррароте вуҷуд надорад, ки рӯзноманигорон ба ин ё он гуруҳ дохил шуда бошанд.
Мафҳуми “иштирокчиёни бидуни имтиёзи низоъҳо” ҷойи мафҳуми “душманони ҷангҷӯйи ғайриқонунӣ”-ро дар ин санад гирифтааст, ки боиси нигаронии вакилони мудофеи ҳуқуқи ИМА шудааст. Тағйирот дар санади “Қойидаҳои ҷанг”-и Петагонро Крис Чембурс, профессори риштаи журналистикаи донишгоҳи Ҷорҷ Таун сардаргумӣ хонда, гуфтааст, “акнун низомиёни амрикоӣ иҷоза гирифтаанд, ба журналистоне, ки ба онҳо писанд намебошанд, вале тарафи душман нестанд, ҳуҷум кунанд ва ҳатто онҳоро бикушанд”.
Бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалии башар журналистон ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона таҳти ҳимоят қарор доранд. Бар асоси модаи 51, иловаҳо ба муоҳидаи Женева аз соли 1949 журналистон набояд обекти ҳуҷум қарор бигиранд. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалии башар ду категорияи журналистон ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона эътироф мешаванд: яке хабарнигорони низомӣ (моддаи 4.A (4) муоҳидаи III-и Женева) ва дигаре рӯзноманигороне, ки дар рухсатии касбии хатарнок дар минтақаҳои низоъҳои мусалаҳона қарор доранд (моддаи 79-и иловаҳо ба муоҳидаи Женава аз соли 1949). Аммо ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар дастури нави Вазорати дифои ИМА пойбандӣ ба ин муқаррароти ҳуқуқи баналмилалии башар дида намешавад.