Даргузашти Примаков, аз саркардаҳои сулҳи тоҷикон
Евгений Примаков, собиқ вазири умури хориҷӣ ва нахуствазири Русия, ки аз саҳмдорони бузург дар сулҳи тоҷикон арзёбӣ мешавад, имрӯз, 26-уми июн дар синни 85 солагӣ даргузашт.
Владимир Путин, раисиҷумуҳри Русия даргузашти Примаковро ба пайвандон ва наздикони ин сиёсатмадори рус тасаллият гуфтааст.
“Примаков ходими давлатӣ, олим, сиёсатмадор буд, ки пас аз худ мероси гаронбаҳое гузошт”-гуфтааст Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин ва афзудааст, ки Примаков аз тарафдорони раисиҷумҳури феълии Русия будааст.
Примаков барандаи ордени Дӯстии Тоҷикистон ва аз саркардаҳои музокирот барои сулҳи тоҷикон шинохта мешавад. Ӯ, ки солҳои 1991-1996 директори Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия будааст, тобистони соли 1993 ба Кобул барои мулоқот бо мухолифини тоҷик рафтааст. Мулоқоти Примаков бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИНОТ) Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993, ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12–уми марзбонҳои русӣ анҷом шуд, барои Тоҷикистон сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад.
Дар ин мулоқот Примаков ваъда кардааст, ки дар сурати қатъи амалиётҳои низомӣ Русия метавонад нақши миёнҷиро байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад ва баъди ҳамон мулоқот талошҳои дипломатии Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон батадриҷ вусъат гирифтааст. Дар натиҷа бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5–уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон шурӯъ шуда 27-юми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ анҷом ёфт.
Евгений Примаков 29-уми октябри соли 1929 дар шаҳри Киев ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1996 то 1998 ба ҳайси вазири умури хориҷаи Русия ифои вазифа кардааст. Аз ӯ ба унвони муаллифи стратегияи “бисёрқутбӣ”-и Русия ном мебаранд. Солҳои 1998-1999 вазифаи раиси ҳукумати Русияро бар уҳда дошт. Яке аз воқеаҳои ғайриоддии Примаков баргаштан аз нимароҳ ҳангоми сафар ба Амрико мебошад. 24-уми марти соли 1999 ҳангоме, ки Примаков бар фарози уқёнуси Атлантика дар роҳ ба сӯи Вашингтон буд, хабар гирифтааст, ки НАТО ба бомбаборон кардани Югославия сар кардааст ва Примаков аз нимароҳ ба Маскав бармегардад.