Пешниҳоди “Аргументы и факты” барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон
Нашрияи русии “Аргументы и факты” бо нашри матлбе аз мақомоти Русия хостааст, миёни ин кишвар ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми раводид ё виза ҷорӣ кунад.
Ин нашрия навишта, баъд аз боздиди хабарнигораш аз Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки миёни Русия ва Тоҷикистон ҳатман бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Чун ба назари нашрия танҳо бо ин роҳ метавон бозори нерӯи кори худро ҳифз карда, ба осонӣ садди роҳи қочоқбарони маводи мухаддир шуд.
Ба назари муаллифи матлаби “Аргументы и факты”, ҳар чанд дар пайи беқурбшавии рубли русӣ аксари муҷоҳирони тоҷик қаламрави Русияро ба қасди Тоҷикистон тарк кардаанд, вале ин муваққатӣ буда, дубора бархоҳанд гашт: “Чун дар Ватани худ ҳеч гуна ҷойи коре пайдо нахоҳанд кард”.
Рӯзноманигори рус таъкид кардааст, дар Тоҷикистон пули аз ҳама маъруф рубли русӣ асту дар тамоми лавҳаи ширкатҳои туристӣ “Барои берун кардани номи шумо аз руйхати “сиёҳ”-и Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия кумак мекунем, Вуруд ба Русия - мушкиле нест! Ва нишонаҳои “депортация”-ро аз шиносномаҳои Шумо тоза хоҳем кард”, навишта шудааст.
Дар ин матлаби “Аргументы и факты”, ки “Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж “АиФ” из Таджикистана” (Кишвари муҳоҷирон. Гузориши вижаи “АиФ” аз Тоҷикистон) ном дорад, гуфта мешавад, ки аз сабаби камбағал будани давлат тамоми ҳамсоякишвар, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Қазоқистон ва Эрон бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанду касе майли роҳ додани шаҳрванди ин давлати фақир ба қаламрави худро надорад: “Дар ҳоле ки онҳо метавонанд, бидуни мушкиле ба Русия роҳ ёбанд”.
Муаллифи матлаб мегӯяд, ӯ ҳарчанд тоҷиконро эҳтиром мекунаду ҳамчун як мардуми меҳмоннавоз мешиносад, вале Русия бояд бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кунад: “Мардуми меҳмоннавозанду русҳоро хуб истиқбол мегиранд ва рафиқоне, ки дар ҳавопаймо бо ҳам шинос шудем, маро аз фурудгоҳ ду бор бе пул бо мошини худ бурданд. Вале юнониҳо низ моро дӯст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роҳ намедиҳанд”.