Афсарони рус барои артиши тоҷик 1000 мутахассис омода месозанд
Афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия тамриноти назариявӣ ва амалиро барои кадрҳои Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз карданд.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, давраи таҳсил се моҳро дар бар гирифта, баъди анҷоми он суфуфи артиши Тоҷикистон бо мутахассисони хурди бахшҳои мухталиф пурра мешавад: “Инструкторони низомии рус дар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассиси хурд омода месозанд”.
Ба иттилои манбаъ, давоми се моҳ дар тамрингоҳҳои низомии Сумбула, Лоҳур ва Мумирак афсарони рус барои Вазорати дифои Тоҷикистон мутахассиони хурд аз қабили нишонгир-танзимгари танкҳои Т-72, танзимгари системаи мушакии “Град”, ронанда ва танзимгарони нақлиётҳои хушкигарди БМП-2, БТР-80, сапёр ва разведчикҳоро омода мекунанд: “То охири сол мутахассисон барои артиши тоҷик омода хоҳанд шуд”.
Хизматчиёни низомие, ки имтиҳонҳои хатмро бомуваффақият месупоранд, соҳиби мадраки мутахассиси хурди Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегарданд ва дар тамринотҳои муштарак ширкат хоҳанд кард.