Боздошти як муттаҳам дар куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон
Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи ташхиси ДНК як сокини шаҳри Ярославро бо иттиҳоми куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ дар Раёсати тафтишотии Ярослав навиштаанд, гумонбар ҷавони 23-сола буда, феълан нисбати ӯ бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз шуда, дар сурати тасдиқ шудани гуноҳаш ӯро то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ҷасади шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон рӯзи 7 декабри соли 2014 бо захми 36 зарби корд аз дохили мошини “Тойота Камри”-аш пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, гумонбар аз ронандаи тоҷик хоҳиш карда, ӯро ба як ҷой бубарад: "Ронанда розӣ мешавад, аммо дар дохили мошин гумонбар ба вай дарафтода ба сару гардан ва қафаси синааш 36 корд мезанад".
Баъди ин ҳодиса ӯ аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ташхиси ДНК аз ҷониби Раёсати умури дохилии Ярослав муайян намуда, ки бархе аз қатраҳои хуни дар дохили мошин рехта, ба вай таалуқ дорад.