Вохурии Аслов бо намояндаи вижаи Бан Ки Мун
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Петко Драганов, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбари Маркази минтақавии ин созмон оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказиро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Аслов бо Петко Драганов рӯзи 25 июн баргузор шудааст.
Дар вохурӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар самтҳои амниятӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, муҳитизистӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шудаанд.