Интиқоли уралу зиреҳпӯшҳои муосир ба Тоҷикистон
Ҳавзаи низомии марказии Русия аз интиқоли 120 мошини зиреҳпӯши тамғаи "Урал-4320-31" пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи қушунҳои ҳавзаи марказии Русия гуфтааст, мошинҳои ба тозагӣ расида ба Тоҷикистон тавоноии гирифтани 6 тон вазн дошта, барои ҳамлу нақли сарбозон дар ҳамаи намуди роҳҳо пешбинӣ шудаанд. Ярослав Рошупкин инчунин қайд кардааст, ки ин мошинҳо дар шароити ҳарорати гарм ва роҳҳои куҳӣ истифода мешаванд.
Интиқоли уралҳои зиреҳпӯш ба пойгоҳи 201 дар ҳолест, ки қаблан Вазорати мудофиаи Русия гуфт, то охири соли равон пойгоҳи 201-ро бо зиреҳпӯшҳои муосири БТР 82А таъмин хоҳад кард.
Пойгоҳи низомии 201-и бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз ин кишвар мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар аст. Мувофиқи қарордоди соли 2012-ум ин пойгоҳ то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир хоҳад буд.