Сафари муовини вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон
Алӣ Кемал Айдин, муовини вазири умури хориҷии Туркия дар садри як ҳайат вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон рӯзи 25 июн оғоз шуда, то ду рӯз идома хоҳад ёфт. Сафари ин ҳайати Туркия ба Душанбе дар ҳолест, ки ахиран Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури ин кишвар аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳо хост, фаъолияти литсейҳои туркӣ дар кишварҳояшонро манъ кунанд. Дар пайи нашри ин хабар масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ литсейҳои туркӣ ба "мактабҳои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" табдил шуда, зери назорати ин ниҳод хоҳанд буд.
Муассиси летсейҳои туркӣ Фатҳулло Гюлен дониста мешавад, ки дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ дар гузашта аз дӯстони Эрдуғон гуфта мешуд, аммо ахиран ба назар мерасад, муносибати онҳо сард шудааст. Дархости бастани литсейҳо низ ба эҳтимоли зиёд ба ҳамин муносибат марбут аст.