ДИИШ гуфтааст, ҳамлаи Баладрӯзи Ироқ кори Абуалӣ ат-Тоҷикӣ буд
Созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористиеро дар шарқи Ироқ, ки 14 кушта бар ҷой гузошт, бар уҳда гирифтааст. Иҷрогари ин ҳамлаи маргталабона ҷангҷӯе аз Тоҷикистон гуфта мешавад.
Расонаҳои арабзабон навиштаанд, ин созмон бо нашри баёнияе гуфтааст, ҳамлаи интиҳории мазкур шоми 23 ба 24 июни соли равон дар шаҳри Баладрӯзи Ироқ тавассути як ҷангҷӯяш аз Тоҷикистон - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ анҷом шудааст: “Бародари мо - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ мошини худро, ки маводи тарканда дошт, самти таҷаммӯи аъзои қабилаи Надо ронда, тарконид”.
Ба иттилои расонаҳо, гӯиё ин ҳамлаи алайҳи афроди қабилае анҷом шудааст, ки ба ҷонибдорӣ аз неруҳои давлатии Ироқ зидди ДИИШ меҷангидаанд. Як манбаъ аз дармонгоҳи шаҳри Баладрӯз низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, дар ҳамлаи интиҳории шоми 23 июни соли равон 14 нафар кушта шуда, 24 тани дигар захм бардоштаанд.
Шаҳри Баладрӯз дар муҳофазаи Диёл, воқеъ дар шарқи Ироқ буда, яке аз минтақаҳои ҳаммарз бо Эрон маҳсуб мешавад.