Даҳ сол ҳукми зиндону 115 ҳазор ҷаримаи Ибни Алӣ
Додгоҳе дар Тунис Зайналъобиддин ибни Алӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ва бародару яке аз вазиронашро, ки дар хориҷ аз Ватан қарор доранд, ғоибона ба муддати 10 сол маҳкум ба зиндон кардааст.
Бар асоси қарори додгоҳ, Зайналъобиддин ибни Алӣ ва бародараш - Сахр ал-Мотирию Ризо Қарир - вазири пешини дифои Тунис дар сӯистифода аз мансабу фасодкорӣ айбдор шудаанд. Инчунин додгоҳ ин се нафарро ба маблағи 115 ҳазор долларӣ ҷарима низ кардааст.
Зайналобуддин ибни Алӣ дар пайи ҳаводиси моҳи январи 2010, ки 300 нафар кушта шуда, мунҷар ба суқути ҳукумати 23-солааш дар Тунис шуд, аз Ватан фирор карду ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд.
Ҷамъи дороиҳои ӯ то 10 миллиард доллари амрикӣ арзёбӣ шуда, гуфта мешавад, ҳангоми фирор аз Ватан ӯ ва ҳамсараш - Лайло Троблусӣ якуним тонна тилоро низ аз хазина бо худ бурдаанд.
Ин бори аввал нест, дар пайи баррасиии парвандаҳояш аз сӯи додгоҳ ба фасоду сӯистифода аз мақом айбдор мешавад. Дар гузашта низ додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба иттиҳоми фасодкорӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карда, домоду духтарашро мутаносибан ба муддати 16-8 солӣ маҳкум ба зиндону 50 миллион динор ҷарима карда буд.
Дар акс: Зайналъобиддин ибни Алӣ ва бародараш