Озодии ТВЕА аз андоз: Барои 20 км роҳ дар Данғараю 5 мактаб
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июн бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷа барои соли 2015 ширкати чинии ТВЕА-ро аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод кард.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ТВЕА, ки бештар ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ машғул аст, иқдом гирифтааст, ки дар навоҳии кишвар 5 мактаб созаду 20 километр роҳро дар Данғара таҷдиду бунёд кунад. Ба гуфтаи Ҷонмаҳмадова арзиши 5 мактабу 20 километр роҳ ҳудуди 159 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ӯ ҳаҷми маблағи андоз аз арзиши иловашуда, андози нақлиёту боҷи гумрукиро, ки ТВЕА аз пардохти он озод шуд, 17,6 миллион сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ҷонмаҳмадова илова кард, аз 159 миллион миллион сомонии ширкати ТВЕА 80 миллионаш дар 5 мактаб ва 79 миллионаш дар бунёди 20 километр роҳ дар Данғара сарф хоҳад шуд.