Оҷонсии омор: Камбизоатҳо бештар дар Хатлону Бадахшонанд...
Оҷонсии омори Тоҷикистон эълон кард, теъдоди афроди камбизоат дар кишвар 32 дарсади сокинонро ташкил медиҳад.
Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демография, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Оҷонсии омор имрӯз, 24-уми июн зимни эълони натиҷаҳои пажуҳишашон дар Душанбе изҳор дошт, сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир 5 дарсад коҳиш ёфта, аз 37,4 фоизи соли 2012 дар соли 2014 ба 32 дарсад баробар шудааст.
Ҷаноби Қулов таъкид намуд, меъёри камбизоатии шадид аз 20 фоиз дар соли 2012 ба 16,8 дарсад дар соли 2014 поин рафтааст. Ӯ шарҳ дод, ки меъёри камбизоатии шадид дар асоси хатти камбизоатии озуқаворӣ ба 2,250 килокалория барои як нафар дар як рӯз чен карда шудааст.
Ин масъули омор илова кард, аз нигоҳи камбизоатӣ Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ пешсаф мебошанд: “Аз ҷумла 37 дарсади камбизоатҳо дар Хатлон зиндагӣ мекунанд. 81 дарсади камбизоатҳо дар деҳот ва боқимонда дар шаҳр зиндагӣ мекунанд”.
Сардори раёсати омори демография, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Оҷонсии омор мегӯяд, барои муайян намудани хатти камбизоатӣ дар асоси методологияи миллии арзёбии сатҳи камбизоатӣ ду нишондод ба назар гирифта мешавад: "Таъминоти физеологии ҳар фарди хонавада, ки вай то кадом андоза бо ғизо таъмин аст ва таъминоти ғайриозуқаворӣ, ки бо он бояд аъзоёни оила таъмин шаванд".
Абдувалӣ Қулов афзуд, агар зиёда аз 50 дарсади хароҷоти оила барои истеъмолоти озуқа сарф шавад, ин оила камбизоат ҳисобида мешавад, чун вай имкони хариди дигар маводи ниёзи ғайриозуқавории хонаводаро надорад: "Бинобар ҳамин аз рӯи тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар соли 2014 муайян карда шуд, ки хатти камбизоатии ғизоӣ дар Тоҷикистон 123 сомонию 57 дирам барои ҳар шахс дар як моҳ рост меояд".