Қатли ҷавони тоҷик барои ҳамхобагӣ бо ҳамсари раис
Додгоҳи ноҳияи Преоброженски Маскав Виктор Волоск, тоҷири 39-солаи русро барои қатли Муҳаммадӣ, ҷавони 23-солаи тоҷик барои 6 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои додситонии ҳавзаи шарқии Маскав ҳукми нисбатан сабук бо назардошти бархе нозукиҳои парванда татбиқ шудааст. Манбаъ мегӯяд, худи ҳодисаи қатл 6-уми августи соли гузашта рух додааст: “Тоҷир Виктор корманди кирояаш-Муҳаммадиро ба назди анборҳояш, ки он ҷо мисвоку обдонҳоро нигоҳдорӣ мекардааст, даъват карда, бо таппонча ӯро парондааст. Як рӯзи баъди қатл муттаҳам дастгир шуд”.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муайян шудааст, ки дар аввал Виктор ва Муҳаммадӣ муносибати хуб доштаанд. Виктор ба тиҷорати асбобҳои тозакунӣ ва сохтмон машғул буда, Муҳаммадӣ низ бо ӯ кор мекардааст: “Нахуст ба сифати омили даст задани Виктор ба ҷиноят қаллобии эҳтимолии Муҳаммадӣ арзёбӣ шудааст, аммо дар пайи тафтишот муайян шудааст, ки Виктор Муҳаммадиро дар заминаи рашк ба қатл расондааст”.
Тавре “МК” аз қавли мақомоти тафтишотӣ иттилоъ дод, ҳамсари Виктор зимни як муноқиша эълон мекунад, падари кӯдаке, ки дар батнаш аст, на Виктор, балки Муҳаммадист: “Дар пайи ин изҳороти ҳамсар, ки ҳақиқат доштааст, Виктор ба қатли корманди кирояаш даст мезанад. Бо назардошти паҳлуҳои қазия додгоҳи Приоброженск алайҳи Виктор ҳукми нисбатан сабук-6 соли зиндони низомаш шадидро татбиқ кардааст”.