Қонуни нави шаҳрвандӣ: Ализода гуфт, кӯдаки чиниҳоро намедиҳем, агар... (ВИДЕО)
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июн қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар таҳрири навро қабул кард. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ё худ омбудсмени тоҷик зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсади лоиҳа танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ буда, принсип ва шартҳои тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистонро муайян месозад.
Зариф Ализода, иброз дошт, ки тибқи ин лоиҳаи қонун афроде, ки забони давлатиро намедонанд, ё дар таъқиби ҷиноӣ қарор доранд, ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул карда намешаванд. Номбурда гуфт, фарзандхон кардани кӯдаки шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун асос барои пешниҳод кардани имтиёз ҷиҳати қабули шаҳрвандии Тоҷикистон аз лоиҳаи ин қонун дар таҳрири нав хориҷ карда шуд, зеро ба қонунҳои амалкунанда мухолифат мекунад.
Омбудсмени тоҷик қайд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ як қатор меъёрҳои нав дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст: “Вақти аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон тибқи моддаи 26 қисми 2-и лоиҳаи мазкур кӯдаки ӯ, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, тариқи автоматӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро гум мекунад ва тибқи ҳамин модда мо пешниҳод мекунем, ки ба шарте, ки кӯдак бешаҳрванд нашавад, яъне ӯро то синни 14 солагӣ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дорем”.
Баъди баҳсу баррасии масъалаи нигоҳ доштани шаҳрвандии кӯдак вакилон ба хулосае омаданд, ки агар волидони кӯдак дар сурати даст кашиданашон аз шаҳрвандии кишвар шаҳрвандии ягон кишвари дигарро надошта бошанд, шаҳрвандии кӯдаки онҳо нигоҳ дошта мешавад. Яъне шаҳрвандии кӯдак танҳо дар ҳоле қатъ мегардад, ки агар падар ё модараш шаҳрвандии кадом кишвари дигарро дошта бошанд.
Ализода дар идомаи баромадаш афзуд, ки ин қонун инчунин ба хотири пуштибонӣ аз шаҳрвандон дар хориҷи кишвар таҳия шудааст: “Агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шаҳрвандии дигарро қабул кунанд ва Тоҷикистон бо он кишвар созишнома дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад, ин афрод аз шаҳрвандии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд”. Омбудсмени тоҷик илова кард, минбаъд кӯдаке, ки дар Тоҷикистон аз шахси бешаҳрвандӣ таваллуд мешавад, ба шаҳрванди кишвари мо пазируфта мешавад. Ализода мисол овард, ки агар як чинӣ дар Тоҷикистон кӯдакдор шаваду бешаҳрвандӣ аст, мо кӯдакашро ба Чин намедиҳем.
Зариф Ализода гуфт, тибқи лоиҳа муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо барои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ ва ё қатъи он як сол муқарар шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи ин қонунро хеле муҳим хонда, иброз дошт, ки он бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои миллӣ қабул гардад ва дар ин бора назари Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро пурсид, ки дар ҷаласаи парлумон ҳузур дошт. Ятимов таъйид намуд, ки ин масъалаи бисёр муҳим аст ва бояд дар пайи баррасии мӯйшикофона қабул шавад. Ӯ афзуд, ки феълан дар масъалаи бешаҳвандӣ Тоҷикистон бо афроде, ки аз Афғонистон омадаанд, ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Қабули қонун “Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар ҳолест, ки бисёре аз шаҳрвандони кишвари мо солҳои охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, аммо ба гуфтаи коршиносон ин раванд мушкилзо нест, чун Тоҷикистон бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад.