Ҳамрохон Зарифӣ дар Қувайт бо котиби парлумонии Ҷопон мулоқот кард
Дар остонаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии муколамаи ҳамкории Осиё дар Қувайт мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби парлумон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, Казуюки Хамада, нишасти мазкурро баҳои мусбӣ дода, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид дошт. Зимнан,дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷопон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), изҳори омодагӣ кард.Ҳамзамон, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрсамта, бахусус фаъолияти нахустин ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Ҷопон “Аввалин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.{jathumbnail off}