Намояндаҳои НАТО Тоҷикистонро шарики боэътимоди худ хонданд
Виталин Кенеш, раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО Тоҷикистонро шарики боэътимоди ин созмон хонда, ба идома ва тавсеаи ҳамкориҳои оянда таъкид кардааст.
Ҷаноби Кенеш ин нуктаро зуҳри 24 июн баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иброз доштааст. Ӯ гуфтааст, “муносибот миёни Тоҷикистон ва НАТО ба хотири дастгирии субот ва амният дар ин кишвар ва минтақа идома ва таҳким хоҳад ёфт”.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи парлумонии НАТО, онҳо дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди онҳо боқӣ хоҳад монд: “Тоҷикистон дар ҷанбаи минтақавӣ нақши бисёр муҳимро мебозад. Ҳайати мо чанд кишварро намояндагӣ мекунанд ва мо афкори умумии НАТО-ро муаррифӣ менамоем. Мо метавонем гуфт, ки муносибатҳо миёни Тоҷикистону НАТО бояд идома ва густариш ёбанд. Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намуда, бо чандин кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон робита дорад”.
Кенеш афзудааст, онҳо дар доираи ин сафарашон чанд шарҳу мулоҳиза ва иттилои муфид дар бораи вазъияти Афғонистон, ки аслан вобаста ба вазъи сарҳадот миёни Тоҷикистон ва ин кишвар асту масоили амниатиро фарогир мегирад, қайд намуда, ҳамчун узви парлумонҳои кишварҳои худ, ки аъзои НАТО ҳастанд, ба парлумону ҳукумат ва мардумашон хоҳанд расонд.
Вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар доираи як сафари дурӯза рӯзи 22 июн вориди шаҳри Душанбе шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси милли кишвар гуфтугӯ ва мулоқот карданд.