Тураҷонзода дар бораи харидории маҳсулоти “Made in Israel”
Эшони Маҳмуд, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо харидориии молу колои истеҳсолкардаи Исроилро барои мусулмонон ҳаром хондааст.
Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои “Turajon.org”, -- “оё мусулмон ҳақ дорад, маҳсулот ва либосе, ки дар Исроил истеҳсол мешавад, истифода барад?”, гуфтааст, “хариду фурӯши ашёи сохтаи давлати Исроилро бар мусулмонон ҳаром гардонидаанд. Зеро суди ин тиҷорат ба нафъи Исроил буда, хазинаи онро бой ва ғанӣ мегардонад”.
Ба гуфтаи Эшони Маҳмуд, ин иқдом дар пайи таҷовузи режими саҳюнисти Исроил ба қаламрави Фаластин ва ғасби Масҷидул-ақсо - дуюумин қиблаи мусулмонони ҷаҳон аз сӯи он гирифта шудааст: “Ҷумҳури муҷтаҳидини олами Ислом режими Исроилро кофири ҳарбӣ медонанду ҳама навъи муомала, аз ҷумла тиҷорати амвол ва ашёи истеҳсолкардаи онро таҳрим намудаанд”.
Ин рҳонии тоҷик афзудааст, “шояд пулҳои мо - мусулмонҳо, ки дар хазинаи онҳо мерезем, рӯзе тиру туфанге шаваду бар сари мусулмонони мустазъафи Фаластин рехта шавад”.