Умед ва ҳимояти Э.Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо бо НАТО
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО-ро барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорияшро аз ин тасмими НАТО, имрӯз 23-юми июн дар мулоқот бо як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ баён доштааст: “Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ бо СААШ минбаъд ба хотири дастгирии бештари сохторҳои амниятию дифоии Тоҷикистон ва ба нафъи таҳкими амнияту субот дар минтақа боз ҳам густариш меёбад”.
Ба иттилои манбаъ дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд: “Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи “Барномаи шарикӣ барои сулҳ”ва “Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ” сурат мегирад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ барои таҳкими сулҳу эътидол дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар зоҳир гардид: “Ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Шарқи Наздик ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфтугӯ сурат гирифт”.