Сафари намояндаи вижаи Бан Ки Мун ба Тоҷикистон
Петко Драганов, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбари Маркази минтақавии ин созмон оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ барои анҷоми як сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ рӯзи 24 июн вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд ва ин сафари ӯ то дурӯз идома хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки Бан Ки Мун, дабири кулли СММ ибтидои моҳи равон аз Тоҷикистон боздид карда буд. Ӯ рӯзи 9 июни соли равон барои иштирок дар маросими ифтитоҳияи Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” вориди шаҳри Душанбе шуда, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ мулоқот ва гуфтугӯ кард.