Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви НАТО
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО-ро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 22 июн баргузор шуда, дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои НАТО баррасӣ шудааст: "Инчунин дар мулоқот тарафҳо дар робита ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва таҳкими сулҳу субот дар он кишвар табодули назар карданд".
Вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар доираи як сафари дурӯза таҳти роҳбарии Виталино Канас, раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии ин ассамблея рӯзи 22 июн вориди шаҳри Душанбе шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо гуфтугӯ ва мулоқот намоянд.