Олигархи узбак 300 миллион қарзи Русия аз Капеллоро мепардозад
Алишер Усмонов, сарватманди узбактабори муқими Русия пардохти 300 миллион рубли русӣ, ки Федератсияи футболи ин кишвар аз Фабио Капелло, сармурабии тими мунтахаби Русия қарздор аст, бар уҳда гирифтааст.
Дафтари матбуоти олигархи узбактабори Русия навиштааст, “Алишер Усмонов ҳамчун узви Шӯрои сарпарастони Кумитаи тадорукоти “Русия-2018” оид ба омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон тасмим гирифт, ба Федератсияи футболи Русия 300 миллион рубли русӣ кӯмак кунад”.
Манбаъ афзудааст, ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки ба қавли Усмонов, “дар арафаи Ҷоми ҷаҳон-2018 масъалаи сармураббӣ барои тими мунтахби Русия бисёр муҳим мебошад”.