Худовезии навраси 17-сола дар Ғончӣ
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз ҳалокати ду нафар дар як рӯз хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 20 июн як навраси 17-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ дар молхонаи манзили истиқоматиашон худро овехтааст: “Феълан мақомоти дахлдори ноҳия иллати даст ба худкушӣ задани ин ноболиғро дақиқ мекунад”.
Манбаъ мегӯяд, худи ҳамон рӯз як сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент ба хотири беҳтар кардани мавҷи антеннаи телевизораш болои боми манзили худ мебарояд, аммо лағжида ба замин меафтад: “Ин ҷавон бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба беморхона ҷон додаааст”.