Ироаи 22 миллион $-и Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ироаи 22 миллион доллар кумакро ба Тоҷикистон тасвиб кардааст.
Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ ин пул барои рушди системаи обёрӣ ва беҳдошти ҷумҳурӣ масраф хоҳад шуд. Ба ин тартиб, тибқи ҳисоби ин бонк 10 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ таъмин ва ҳудуди 70 ҳазор гектар замин обёрӣ хоҳад шуд. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки шурӯъ аз соли 2013 ба бахши кишоварзии Тоҷикистон тавваҷуҳ мекунад.
Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки ба бахши обёрӣ ва ироа кардани кори мувақатӣ бештар аз 45,9 миллион доллар ва ба бахши беҳдошти Тоҷикистон 19,8 миллион доллар кумак мекунад. Ин бонк гуфтааст, ки феълан дар ҳудуди Тоҷикистон дар ҳаҷми 323,4 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ба ҳисоби БҶ дар тӯли 19 сол Тоҷикистон аз ин муассисаи молиявӣ 1 миллиард доллар пул гирифтааст.